ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"

June 2025
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

      Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 547 аз 2-юми ноябри соли 2007 расман таъсис ёфтааст.

      Донишкадаи  исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит дар  асоси  (базаи) Донишгоҳи  исломии  Тоҷикистон  ба номи  Имом  Тирмизӣ, ки  аз  моҳи июни соли  1997  фаъолият  менамуд, таъсис  дода  шудааст.

      Соли 2009 ба муносибати 1310 солагии гиромидошти Имоми Аъзам- Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2009 №629 Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит номгузорӣ карда шуд.       

      Фаъолияти Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит дар заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноди меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Донишкада ба роҳ монда шудааст.

      Донишкадаи исломии Тоҷикистон муассисаи таълимии ягона дар самти таълими динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бояд қайд намуд, ки дар фазои соҳибистиқлолӣ фаъолият намудани Донишкада, пеш аз ҳама барои ба танзим даровардани ҳаёти динии кишвар, қонеъ гардондани эҳтиёҷоти динӣ, забономўзии аҳолӣ ва таъмини ходимони диние, ки дар рўҳияи инсондўстӣ, ватандўстӣ, таҳаммулпазирӣ ва арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ тарбият ёфтаанд, мебошад. Бояд қайд намуд, ки таълими динӣ дар ДИТ дар доираи мазҳаби Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ба роҳ монда шудааст.

      Донишкадаи исломии Тоҷикистон рисолати худро дар он мебинад, ки мутахассисони донишманду бофарҳанг, инсондўсту ватанпарвар, ҷавонони бонангу фориғ аз ҷаҳлу таассубро тарбия намуда, онҳоро дар рушду такомули ҳамаҷонибаи Ватан – Тоҷикистони азиз омода ва сафарбар намояд.

      Таълим дар ДИТ ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Донишкада дорои китобхона, толори мутолиаи китобҳо, маҷлисгоҳ, маркази тестӣ, маркази омӯзиши компютерӣ пайваст ба шабакаи Интернет, синфхонаҳои махсуси омӯзиши забонҳои русӣ, арабӣ ва англисӣ мебошад. Барои мусоидат намудан ба раванди таълим ва пешбурди кори илмӣ-таълимӣ, фонди захираи китобхона мувофиқи фаъолияти самтҳои таълимӣ зиёд карда мешавад.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

САИДЗОДА РАҲИМ ҲАМРО
Вазири маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

СУЛАЙМОН ДАВЛАТЗОДА
Раиси Кумитаи дин ва танзими
ҷашну маросими назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЗОКИРЗОДА НУСРАТУЛЛО МЕЛИК
Ректори донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми
Аъзам-Абӯҳанифа
Нӯъмон ибни Собит

Дониш талабу бузургӣ омӯз...

Ҳар шаб зи худ бипурс, агар ту мардӣ! К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?