ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа
Нӯъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"

December 2025
M T W T F S S
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Таҷлили рӯзи Рӯдакӣ дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Дар таърихи 22 сентябри соли 2025 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ба муносибати гиромидошти рӯзи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, ки ҳамасола дар асоси «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 22 сентябр» таҷлил карда мешавад, семинари илмӣ-методологӣ баргузор гардид. Ин ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Мавқеи Рӯдакӣ дар рушди забони тоҷикӣ» ном дошт, раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкада иштирок доштанд. Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба илм – Сафаров Л., декани факултети филологияи Шарқ н.и.ф. Каримов Р., ва мудири кафедраи забонҳои муассиса – Саидзода В. бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Инчунин донишҷӯён аз ашъори устод Рӯдакӣ шеърҳо қироат намуданд.

Матн

Автор