Истилоҳи “инноватсия” дар илму техника аз ҷониби иқтисодчии шинохта Й.Шумпетер ворид карда шудааст. Имрӯз, он ба ду мафҳум шинохта мешаванд: 1) Навоварӣ – маҳсулоти нав (такмилёфта), хизматрасонӣ, технология, ки дар бозор, дар фаъолияти истеҳсолӣ ва иқтисодӣ, истеъмол, соҳаи ҷамъиятӣ ва ғайра ҷорӣ карда мешавад; 2) Инноватсия – ҷараёни татбиқи инноватсия, ки маҷмӯи амалҳои пайдарҳам оид ба мутобиқсозии маҳсулоти фаъолияти илмию техникӣ ба татбиқи амалии соҳаҳои гуногуни ҳаёти инсон мебошад.