Сардори Маркази тестии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит
Дар соли хониши 2015 – 2016 бо дастуру супориши ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, Асомуддинзода Т.И. аз тарафи муҳандиси технологияҳои иттилоотии Донишкада дар толори калони Донишкада, аз ҳисоби компютерҳои зиёдатии Донишкада “Маркази тестӣ” ташкил карда шуд, ки санҷишу имтиҳоноти донишҷӯён ба таври электронӣ – компютерӣ қабул карда мешавад. Маркази мазкур иборат аз 1 махзани иттилоот (сервер) бо шабакаи дохилӣ пайваст ба 42 компютери кории истифодабарандагон – донишҷуён буда, кулли донишҷуёни Донишкадаро дар муҳлати 1 моҳ аз санҷишу имтиҳонот мегузаронад. Компютерҳои марказ бо барномаи тестии “Учебный процесс” муккамал гардонида шудааст. Имрӯз дар Донишкада бештар аз 1200 донишҷӯ таҳсил менамояд. Барои довталабони тахассуси улуми Қуръон зарур аст, ки на кам аз 2 пораи Қуръони Каримро ҳифз карда бошанд. Ба довталабоне, ки кулли Қуръони Каримро ҳифз кардаанд афзалият дода мешавад, зеро ин ба таҳсили ояндаи онҳо дар тахассуси мазкур лозим, ва зарур меояд. Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит омода аст, ки баъди хатми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷавонони хоҳишманд ва донишомӯзро ба воситаи “Маркази миллии тестӣ” ба таҳсил фаро гирад.
Дар ҳолати ҳозира Донишкада дорои 5 тахассус мебошад, ки …
Ихтисосҳои факултаи улуми Исломӣ:
1) 121010103 – Улуми ислом, матни классикӣ. / (Намуди таҳсил: рӯзона, ғоибона. Гуруҳҳо: буҷчавӣ, шартномавӣ)
2) 121010104 – Улуми Қуръон, мероси хаттӣ. / (Намуди таҳсил: рӯзона, ғоибона. Гуруҳҳо: буҷавӣ, шартномавӣ)
Ихтисосҳои факултаи филологияи Шарқ:
1) 102030702 – Забони хориҷӣ (арабӣ). Информатика / (Намуди таҳсил: рӯзона. Гуруҳҳо: буҷавӣ, шартномавӣ)
2) 1230102 – Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ. (Лингвистика) / (Намуди таҳсил: рӯзона. Гуруҳҳо: буҷавӣ, шартномавӣ)
3) 102010205 – Таъриху диншиносӣ. / (Намуди таҳсил: рӯзона, ғоибона. Гуруҳҳо: буҷавӣ, шартномавӣ)
Донишкада рисолати худро дар он мебинад, ки мусулмонони бо илму маърифат, донишманду бофарҳанг, одамдусту ватанпарвар, ботақвою исломпарвари фориғ аз ҷаҳлу таассубро тарбия намуда, онҳоро дар рушду нумуъ ва такомули ҳамаҷонибаи Ватани худ – Тоҷикистони азиз ва ҷомеаи мусалмонии ҷаҳон содиқона равона созад.
Телефони боварии “Маркази тестӣ”: 228-99-60 нишонии e-mail: m-test@dit.tj