Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит Шӯрои олимон фаъолият мекунад, ки яке аз мақоми қарорбарори Донишкада ба ҳисоб меравад. Шӯрои олимони Донишкада дар асоси “Низомнома” кору фаъолият ва амал мекунад. Дар Шӯрои олимони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит 20 нафар кормандону устодони Донишкада аз раёсат, шуъба, деканат, ва мудирияти кафедраҳо шомил мебошанд. Шӯрои олимони Донишкада дар як моҳ як маротиба гузаронида шуда, ба ҳалли масъалаҳои пешомада дида баромада, баррасӣ ва баъдан қарор қабул карда мешавад.