Маълумот дар бораи факултет: Факултети филологияи Шарқ бо Қарори Шӯрои олимони Донишкада аз санаи 29 январи соли 2011 таҳти №5 таъсис дода шуда, фаъолияти худро дар асоси Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Низомнома” ва “Оиннома”-и Донишкада чун дигар факултетҳои муассисаҳои олӣ ба роҳ мондааст. Инчунин факултет дар асоси санадҳои меъёри ҳуқуқӣ дар самти маориф ҳачун як қисмати муассисаи таълимии олӣ ба таълим машғул аст. То имрӯз дар факултет расман шаш маротиб деканҳо иваз шудааст, ки аз ҷумла устодони зерин мебошанд:
Факултет барои ҳалли масъалаҳои мушкили пешомада дар самти таълиму тарбия ба худ Шурои олимони факултет-ро доро мебошад. Дар факултет 53 нафар омӯзгорону кормандон кору фаъолият доранд. Аз он ҷумла декан, муовинони декан оид ба корҳои таълим ва танзимгар. Дар давоми соли таҳсил ҳайати мазкур вазифа ва ӯҳдадориҳои ба зимаи худ доштаро дар асоси нақшаи солонаи кории Донишкада ва факултет амалӣ мегардонанд. Аҳли устодони факултет: декан, муовини декан оид ба таълим, танзимгари факултет ва дигар омӯзгорони кафедраҳои ба факултет тааалуқдошта, кӯшишу заҳмат мекашанд, то ки ба шогирдон – донишҷӯён бо мақсади додани таълиму тарбияи муносиб иҷрои вазифаҳои худро аз рӯи виҷдон амалӣ намоянд. Дар факултет таълиму тарбияро дар мувофиқи нақша ба роҳ монда шудааст.
Факултети филологияи Шарқ дорои ихтисосҳои «Забони арабӣ. Информатика, Таърих. Диншиносӣ (рӯзона ва фосилавӣ), Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ», мебошад. Дар факултет аз рӯи ихтисосҳои зикргардида, рӯзона 19 гурӯҳи академӣ ва дар таҳсили ғоибона 4 гурӯҳи академӣ таҳсил мекунад
Н.и.ф. - Каримов Раҳим соли 1951 дар вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Аз соли 1959 то соли 1968 дар мактаби миёна таҳсил карда, пас аз хатми он муддати чанд сол дар муассисаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият намудааст. Аз феврали 2016 то инҷониб декани факултет мебошад.
Каримов Раҳим аъзои Шурои уламои "Маркази исломӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Рамзуллои Файзалӣ
Эдвайзери факултети филологияи Шарқ: