ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа
Нӯъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"

December 2025
M T W T F S S
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Дидан кардани аъзоёни Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону иттиҳоди Аврупо аз Осорхонаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Санаи 16-уми сентябри соли 2025 ҳайати Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доштанд. Дар доираи ташрифи худ меҳмонон аз як қатор мавзеъҳои саёҳии кишвар дидан намуда, бо фарҳанг ва таърихи тоҷикон аз наздик ошно гардиданд. Ҳамчунин, ҳайати мазкур аз Осорхонаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа боздид ба амал оварда, бо таърихи таъсис ва фаъолияти илмӣ-маърифатии он шинос шуданд. Меҳмонон иштироки чунин муассисаи илмиро дар рушди фарҳанг, маърифат ва муаррифии арзишҳои исломӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Матн

Автор