ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

December 2025
M T W T F S S
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рӯзи омӯзгорон”

Санаи 5-уми октябри соли 2024 ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рӯзи омӯзгорон” бо иштироки аҳли Раёсат, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам баргузор гардид. Дар ҷамъомади мазкур муовини ректор оид ба таълим - д.и.т. Қурбонов Б.Р., узви вобастаи АМИТ - д.и.ф. Султон Ҳасан Баротзода, декани факултети филологияи Шарқ - н.и.ф. Каримов Р., мудири кафедраи забон ва адабиёти араб - н.и.ф. Холов А., дар мавзуҳои “Забони тоҷикӣ ва ҳувияти миллӣ”, “Мақом ва рисолати омӯзгор дар ҷомеа”, “Мақоми омӯзгор дар сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар қисмати дуюуми чорабинӣ донишҷӯён дар васфи забон ва омӯзгорон шеърҳо қироат намуданд. Забон аз Рӯдакӣ оғози худ ёфт, Зи Фирдавсӣ пари парвози худ ёфт. Забони тоҷикӣ аз дасти Айнӣ, Басу зебу фару эъҷози худ ёфт.