ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа
Нӯъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"

June 2025
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Таҷлили рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазраъи пок,
Ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ, дигар тухм накорем.
Мавлоно Ҷ. Балхӣ

Дар таърихи 30 сентябри соли ҷорӣ дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ба муносибати гиромидошти рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки ҳамасола дар асоси «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рўзҳои ид», ки рўзи 30 сентябр» таҷлил карда мешавад, Конфронси илмӣ-амалӣ зери унвони «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – сухансарои ҳамдили башарият» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши илмӣ Мирзо Солеҳов, доктори илмҳои филология, профессори ДМТ ва Қурбони Собир ҳунарманди мардумии Тоҷикистон даъват шуда буданд. Дар чорабинии мазкур ректори Донишкада - Зокирзода Н.М., Мирзо Солеҳов, доктори илмҳои филология, профессори ДМТ, К. Раҳим – декани факултети Филологияи Шарқи ДИТ ва мудири кафедраи забонњои муассиса – Саидзода В. бо маърўзаҳои илмӣ баромад намуданд. Баромадкунандагон қайд намуданд, ки бузургдошт ва назари амиқ намудан ба таърих ва фарҳангу адабиёти ғании ниёкон яке аз падидаҳои нодиртарини Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад. Махсусан баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ дар самти шинохти шахсиятҳои варзидаи миллат аз ҷумлаи амалҳои неки даврони Истиқлолият аст. Маҳз таҷлили Рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки ҳар сол дар таърихи 30 сентябр дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мегардад, боз як бор моро ба сўи баҳри маънии шеъри Мавлоно мебарад. Шеъре, ки моро ба таҳаммулпазирӣ, ваҳдату ягонагӣ ва инсондўстиву олиҳимматӣ даъват мекунад, бевосита шеъри Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аст. Дар ҳақиқат, Мавлоно Муҳаммад Ҷалолуддини Балхӣ, яке аз симоҳои равшан ва пурҷилои адабиёт ва фарҳанги халқи тоҷик аст, ки бо осори гаронбаҳо ва саршор аз ақидаҳои таҳаммулгароёнаи худ дилҳои пайравони расму оинҳои гуногунро тасхир намудааст. Дар конфронси мазкур Қурбони Собир – ҳунарманди мардумии Тоҷикистон бо лаҳни шево ва ҷаззоби худ аз осори Мавлона ғазалҳо қироат намуданд. Инчунин донишҷўёни Донишкада низ аз ашъори Мавлоно шеърҳо қироат намуданд.