ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа
Нӯъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"

June 2025
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Таҷлили рўзи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Дар таърихи 21 сентябри соли ҷорӣ дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ба муносибати гиромидошти рӯзи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, ки ҳамасола дар асоси «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 22 сентябр» таҷлил карда мешавад, семинари илмӣ-методологӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши илмӣ, ки «Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ - асосгузори шеъри тоҷикӣ» ном дошт, раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкада иштирок доштанд. Дар чорабинии мазкур ректори Донишкада - Зокирзода Н.М., муовини ректор оид ба таълим – Қурбонов Б.Р. ва мудири кафедраи забонҳои муассиса – Саидзода В. бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Баромадкунандагон қайд намуданд, ки дар ҳақиқат устод Рӯдакӣ асосгузори шеъри классикии тоҷикӣ аст. Гарчанде пеш аз устод Рӯдакӣ ба забони шевои тоҷикӣ шеър сурудаанд, аммо устод Рӯдакӣ тамоми жанрҳои шеъриро, аз он ҷумла қасида, рӯбоӣ, ғазал ва ғ. такмил дода, ба авҷи аълои худ расонд. Ҳамзамон дар ин ҳамоиши илмӣ таъкид гардид, ки маҳз дар аҳди Сомониён, ки Рудакӣ намояндаи он буд, забони ноби тоҷикӣ тақвият ёфт, ки бевосита давлатдории миллии тоҷикӣ дар ин давра заминаи мусоид фароҳам оварда буд. Инчунин донишҷӯён аз ашъори устод Рӯдакӣ шеърҳо қироат намуданд.