ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

December 2025
M T W T F S S
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Арзишҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ

Дар таърихи 5 сентябри соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ зери унвони «Нақши арзишҳои даврони истиқлолият дар таҳкими давлатдории миллӣ» баргузор гардид. Дар кори Конференсия намояндагон ва пажуҳишгарон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Мактаби олии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломии Тоҷикистон, Институти фалсафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Масъалаҳое, ки дар конференсия мавриди баррасӣ қарор гирифт асосан иборат буд аз: моҳияти мафҳуми «истиқлол» ҳамчун истилоҳи сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва аҳамияти илмӣ-назариявии он, моҳияти принсипҳои конститутсионии давлати соҳибистиқлоли миллӣ, нақш ва аҳамияти истиқлоли давлатӣ дар таърихи муосири Ҷумҳуриии Тоҷикистон, истиқлолият ва эҳёи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, таҳкими арзишҳои даврони истиқлолият дар муқобили тањдидњои замони муосир, истиқлолият - заминаи асосии рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва ғ. Дар охири конференсия музокираҳо ва суолу ҷавоби судманд сурат гирифт.