ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

December 2025
M T W T F S S
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Рӯзи дониш

1-уми сенябри соли 2024 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи дониш доир гардид. Дар иртибот ба вохурии Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш ва маросими ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19- шаҳри Душанбе пахши мустақими мулоқотро тамоми кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён дастаҷамъона тамошо намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар ин ҷамъомад мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қодирзода Сайазам Толиб ва муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлатзода Салим Музаффар иштирок намуда, дар охир омўзгорон ва донишҷўёнро барои фарорасии соли нави таҳсил ва Рўзи дониш табрик намуданд. Инчунин дар саҳни Донишкада асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои илмии омӯзгорон ба намоиш гузошта шуд.