ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 5 марти соли 2021 №73 ш. Душанбе
Дар бораи ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит таъин намудани Зокирзода Н.М.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Зокирзода Нусратулло Мелик ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон.
Ректори донишкада: н.и.ф., Зокирзода Нусратулло Мелик Номзади илмҳои фалсафа, Зокирзода Н.М. солҳои 1993 - 2000 ба ҳайси ходими хурди илмии сектори сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва муносибатҳои байнидавлатии шуъбаи «Кишварҳои араб» - и Институти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2000 - 2017 ходими илмӣ ва ходими калони илмии шуъбаи омӯзиши масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, солҳои 2017 - 2019 котиби илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ ва солҳои 2019 - 2021 мудири Кафедраи фалсафаи назди Раёсати АМИТ фаъолият намудааст. Муаллифи ду монография бо номи «Реформаторская концепция Ахмада Дониша» («Консепсияи ислоҳотии Аҳмади Дониш») (2018), «Истиқлоли сиёсӣ ва рушди давлатдории миллӣ» (2023) ва зиёда аз 40 мақолаи илмӣ мебошад. Инчунин дар таҳрир ва таҳияи асарҳои «Тибби мансури» - и Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (2016) ва «Мақосид-ул-фалосифа» - и Абу Ҳомид Муҳаммад Ғаззолӣ (2019) саҳми худро гузоштааст. Ҳамзамон дар давоми солҳои 2017 - 2019 ба ҳайси котиби масъули маҷаллаи илмӣ - таҳлилии «Ахбор»-и ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ фаъолият намудааст. Зокирзода Нусратулло Мелик – Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит аз 5 марти соли 2021 то ҳол.
д.и.т., Қурбонов Баҳром
Сафаров Лутфулло Абдусаломович 27 июли соли 1967 дар вилояти Хатлон, оилаи коргар ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, оиладор аст. Бо забонҳои русӣ ва арабӣ сухан мегӯяд. Баъд аз хатми мактаби таҳсилоти миёна солҳои 1996-2002 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Мавсуф баъд аз гирифтани маълумоти олӣ дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулият кору фаъолият кардааст. Соли 2010 Ноиби ректор оид ба таълими Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит таъин гардидааст.
Матинов Холиддин