ISLAMIC UNIVERSITY OF TAJIKISTAN
named after Imam Azam - Abu Hanifa
Nu'man ibn Sobit

State educational institution

"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"

June 2025
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Faculty of Oriental Philology Faculty of Oriental Philology of the Islamic Institute of Tajikistan named after Imam Azam

       Маълумот дар бораи факултет: Факултети филологияи Шарқ бо Қарори Шӯрои олимони Донишкада аз санаи 29 январи соли 2011 таҳти №5 таъсис дода шуда, фаъолияти худро дар асоси Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Низомнома” ва “Оиннома”-и Донишкада чун дигар факултетҳои муассисаҳои олӣ ба роҳ мондааст. Инчунин факултет дар асоси санадҳои меъёри ҳуқуқӣ дар самти маориф ҳачун як қисмати муассисаи таълимии олӣ ба таълим машғул аст. То имрӯз дар факултет расман шаш маротиб деканҳо иваз шудааст, ки аз ҷумла устодони зерин мебошанд:

  1. Зайдуллоев Нуриддин (аз соли 2011 то соли 2012)
  2. Хайруллоев Иброҳим (аз соли 2012 то соли 2013)
  3. Толибов Абдулмаҷид (аз соли 2013 то соли 2014)
  4. Эмомов Асрориддин (аз моҳи апрели соли 2013 то соли таҳсили 2015)
  5. Ҷалолов Абдусаттор (аз моҳи июли 2015 то феврали 2016)

       Факултет барои ҳалли масъалаҳои мушкили пешомада дар самти таълиму тарбия ба худ Шурои олимони факултет-ро доро мебошад. Дар факултет 53 нафар омӯзгорону кормандон кору фаъолият доранд. Аз он ҷумла декан, муовинони декан оид ба корҳои таълим ва танзимгар. Дар давоми соли таҳсил ҳайати мазкур вазифа ва ӯҳдадориҳои ба зимаи худ доштаро дар асоси нақшаи солонаи кории Донишкада ва факултет амалӣ мегардонанд. Аҳли устодони факултет: декан, муовини декан оид ба таълим, танзимгари факултет ва дигар омӯзгорони кафедраҳои ба факултет тааалуқдошта,  кӯшишу заҳмат мекашанд, то ки ба шогирдон – донишҷӯён бо мақсади додани таълиму тарбияи муносиб иҷрои вазифаҳои худро аз рӯи виҷдон амалӣ намоянд. Дар факултет таълиму тарбияро дар мувофиқи нақша ба роҳ монда шудааст.

       Факултети филологияи Шарқ дорои ихтисосҳои «Забони арабӣ. Информатика, Таърих. Диншиносӣ (рӯзона ва фосилавӣ), Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ»,  мебошад. Дар факултет аз рӯи ихтисосҳои зикргардида, рӯзона 19 гурӯҳи академӣ  ва дар таҳсили ғоибона 4 гурӯҳи академӣ таҳсил мекунад

Management of the Faculty of Oriental Philology:

Dean of the Faculty of Oriental Philology:

Hotline of the Faculty of Oriental Philology: 228-97-04 e-mail address: f-sharq@dit.tj