ISLAMIC UNIVERSITY OF TAJIKISTAN
named after Imam Azam - Abu Hanifa
Nu'man ibn Sobit

State educational institution

"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"

June 2025
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Management of the Institute

The management of the Institute is trying to send talented and talented young specialists and teachers to other scientific and research institutes of Tajikistan and abroad to continue their education and improve their scientific and specialized knowledge, so that they can raise their qualification level, get scientific titles and degrees, and serve the people and the Motherland.

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 5 марти соли 2021 №73 ш. Душанбе

Дар бораи ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа
Нӯъмон ибни Собит таъин намудани Зокирзода Н.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Зокирзода Нусратулло Мелик ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон.

Ректори донишкада:

Ректори донишкада: н.и.ф., Зокирзода Нусратулло Мелик  Номзади илмҳои фалсафа, Зокирзода Н.М. солҳои 1993 - 2000 ба ҳайси ходими хурди илмии сектори сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва муносибатҳои байнидавлатии шуъбаи «Кишварҳои араб» - и Институти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  солҳои 2000 - 2017 ходими илмӣ ва ходими калони илмии шуъбаи омӯзиши масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, солҳои 2017 - 2019 котиби илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ ва солҳои 2019 - 2021 мудири Кафедраи фалсафаи назди Раёсати АМИТ  фаъолият намудааст. Муаллифи ду монография бо номи «Реформаторская концепция Ахмада Дониша»  («Консепсияи ислоҳотии Аҳмади Дониш») (2018), «Истиқлоли сиёсӣ ва рушди давлатдории миллӣ» (2023) ва  зиёда  аз 40 мақолаи  илмӣ мебошад. Инчунин дар  таҳрир  ва  таҳияи  асарҳои «Тибби мансури» - и Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (2016) ва «Мақосид-ул-фалосифа» - и Абу Ҳомид Муҳаммад Ғаззолӣ (2019) саҳми худро гузоштааст. Ҳамзамон дар давоми  солҳои 2017 - 2019  ба ҳайси котиби  масъули маҷаллаи илмӣ - таҳлилии «Ахбор»-и ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ фаъолият намудааст. Зокирзода Нусратулло Мелик – Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит аз  5 марти соли 2021 то ҳол.

Ректорони донишкада дар солҳои қаблӣ:

Солҳои 2015-2021: Асомуддинзода Тоҷиддин Исломиддин

Солҳои 2012-2015: Давлатов Сулаймон Пирхонович

Солҳои 2010-2012: Асомуддинзода Тоҷиддин Исломиддин

Солҳои 2007-2010: Ализода Абдуҷалоли Давлат

Ноиби ректор оид ба таълим:

д.и.т., Қурбонов Баҳром

Ректорони донишкада дар солҳои қаблӣ:

Солҳои 2010-2023:: Сафаров Лутфулло Абдусаломович

Ноиби ректор оид ба илм

Сафаров Лутфулло Абдусаломович 27 июли соли 1967 дар вилояти Хатлон, оилаи коргар ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, оиладор аст. Бо забонҳои русӣ ва арабӣ сухан мегӯяд. Баъд аз хатми мактаби таҳсилоти миёна солҳои 1996-2002 дар  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  таҳсил намудааст. Мавсуф баъд аз гирифтани маълумоти олӣ дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулият кору фаъолият кардааст. Соли 2010 Ноиби ректор оид ба таълими Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит таъин гардидааст.

Ноиби ректор оид ба илм ва равобити хориҷӣ дар солҳои қаблӣ:

Солҳои 2014-2017: Саидолимов Комилҷон Саидмирзоевич

Ноиби ректор оид ба тарбия

Матинов Холиддин

Ноибони ректор оид ба тарбия дар солҳои қаблӣ:

Солҳои 2010-2023: Умаров Искандаршо Музаффарович

Ноиби ректор оид ба иқтисод ва хоҷагӣ дар солҳои қаблӣ:

Солҳои 2012-2017: Қурбонзода Аваз Хол